Ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард мешавад

Date:

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз якбора ноустувор шудани вазъи ҳавои кишвар дар рӯзҳои наздики огоҳӣ медиҳад. Дар баъзе минтақаҳо боридани барф ва то -8 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.

“Рӯзҳои 12-13 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат (дар водиҳо борону барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст мешавад. 12-уми январ дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 13-18 м/с мевазад. Аз 12 то 15-уми январ дар роҳҳои нақлиётгарди минтақаҳои кӯҳӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур нест. Инчунин 14-15 январ ба истиснои ВМКБ дар манотиқи ҷумҳурӣ фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад”, – ҳушдор додаанд ҳавошиносони кишвар.

Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳолатҳои туману яхбандӣ Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар ҳатман ҳолати техникии мошин ва чархҳои онро аз назар гузаронида, системаи тормозро бодиққат санҷанд, ки оё барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар мавсими зимистон ва яхбандӣ муносибанд ё на.

Тасияҳои дигари КҲФ:

Ҳолати фонусҳои мошинро ҳам аз назар гузаронед. Дар ҳолати хира будани ин фонусҳо, онҳоро ҳатман иваз кунед.

Ба ронандагоне, ки дар роҳҳои яхбаста сафар доранд:

– ҳаракати мошин аз аввал бояд бо суръати паст ва оҳиста бошад;

– бо ҳамон суръате бояд ҳаракат кард, ки бехатарӣ таъмин бошад, бахусус, ҳангоми ҳаракат дар пулҳо, гардишҳо ва фарозу нишеб;

– ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳо бояд назар ба ҳолатҳои муқаррарӣ бештар бошад, зеро ист дар роҳҳои яхбаста хатари дигар дорад: ҳатман чархҳо баъд аз фишор болои тормоз хоҳанд лағжид;

– ҳангоми наздик шудан ба гардиш бояд ҳатман суръати ҳаракат суст карда шавад.

КҲФ ва МГ хотиррасон мекунад, ки дар кулли қаламрави кишвар телефони хадамоти наҷот – 112 шабонарӯз ва ройгон фаъол аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...