Шаҳрдории Исфара: “Марзбонони қирғиз ба иғвоангезӣ машғуланд”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокинони деҳоти наздимарзии Исфара мегӯянд, яке аз иғвогарони асосӣ сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯк-Тош”-и Қирғизистон Мирбек Султонбеков мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар доданд.

“Муноқишаи шаби 9 ба 10 январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон иғвогарии аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳандозишуда ва сеюмин дар соли нав аст, – қайд мекунад хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Исфара. – Субҳи 8-уми январ сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Ботканд хонаи дар боғаш даҳсолаҳо қабл бунёдкардаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ задаанд, ки дар натиҷа бино фурӯ рафта, умуман корношоям гаштааст”.

Соати 21.20 дақиқаи 9-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон бесабаб мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ҷамоати Чоркӯҳ Зафар Аъзамовро сангборон карда, шишаҳои онро шикастанд.

Шаби 9 ба 10 январ тақрибан соати 02.00 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников сурат пазируфт.

Тавре дар хадамоти матбуот қайд карданд, тирпарронии бетартибона тахминан соати 02.30 пас аз дахолати намояндагони ВКД ва хадамоти сарҳадбонии ҳар ду ҷониб хотима ёфт. Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмишудагон ба қайд гирифта нашудааст.

Шаҳрдории Исфара таъкид мекунад, ки ин 3 воқеаи нохуши дар даҳрӯзаи аввали соли равон рухдода идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2019 аст.

Давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпарронӣ рух додаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта, зиёда аз 60 нафар маҷруҳ шудаанд.

Бар асари ҳодисаи 29-уми декабр дар марз рухдода аз тири силоҳи шикории шаҳрвандони Қирғизистон ҷавонзани 24-солаи тоҷик Тайиба Сафарова захмӣ шуд, ки аз хона барои обгирӣ баромада буд. Ӯ то ҳол зери назорати табибон қарор дорад.

“Сокинони деҳоти наздимарзии ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух дар тарҳрезӣ ва роҳандозии рухдоди ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла, сардори дидбонгоҳи «Кок-Тош» Мирбек Султанбековро сабабгору гунаҳкор меҳисобанд”, – таъкид доштанд дар шаҳрдории Исфара.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон дар барангехтани муноқишаи ахир шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...