Филми ду ҷаҳонгард дар бораи роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон

Asia-Plus

Нашрияи канадагии Сycling Мagazine дар бораи саёҳати ду шаҳрванди ин кишвар бо дучарха (велосипед) дар Тоҷикистон мавод ба табъ расонид.

Кристиан Майер ва Питер Гаскил роҳҳои дурдасти кӯҳии Помирро барои худ хатсайр интихоб кардаанд.

“Гуногунии хеле зиёди манзара ва баландиҳои Тоҷикистон макони дилфиребу нодир барои дучархаронон аст. Кӯҳҳои Помир яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст”, – қайд мешавад дар мақола.

Майер ва Гаскилл дар бораи саёҳаташон тариқи Помир филм наворбардорӣ карда, онро «THE NOT KNOWING» (Ноогоҳ, Незнающий) номидаанд.

“Ман тасаввуроте ҳам надоштам, ки чӣ кор карданием… лекин маҳз ҳамин ҳол маро ҷалб кард… Ноогоҳие, ки аз он таҷрибаи нав андӯхтам”, – гуфтааст Кристиан.

https://www.youtube.com/watch?v=RQbPW_VgqQ0

Бо натиҷагирӣ аз ин таҷриба, The Service Course моҳи июни соли ҷорӣ аввалин сафари худро ба Тоҷикистон ташкил мекунад. Дар сафари даҳрӯза, ки аз Душанбе тариқи кӯҳҳои Помир ба шаҳри Ош (Қирғизистон) сурат мегирад, 6 велосипедрон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...