ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи $575 ҳазор мошинҳои сабукрав дод

Asia-Plus

Дар маросими таҳвили воситаҳои нақлиёт сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини вазири мудофиаи ҶТ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Тавре дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, воситаҳои нақлиёт ба қӯшунҳои мобилии Вазорати мудофиаи ҶТ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд.

Гуфта мешавад, воситаҳои нақлиётро Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод кардааст.

“Иёлоти Муттаҳида омода аст, дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад, – омадааст дар хабар. – Ин кӯшишҳо нақши асосиро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, мусоидат мекунанд”.

Зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида тули 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...