МегаФон Тоҷикистон дар Хатлон ду толори нав боз кард

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон васеъ намуд. Нуқтаҳои нави фурӯш дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва маркази маъмурии ноҳияи Хуросон деҳаи Обикиик кушода шуданд.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ дар назди худ мегузорад, ин баландбардории мунтазами сатҳу сифати хизматгузориҳо ва дастрасии онҳо ба шумор меравад. Бо иҷрои вазифи мазкур МегаФон дар минтақа яке аз шабакаҳои бузургтарини фурӯшҳоро ташкил намуд.  

“Тӯли 10 соли фаъолият дар вилояти Хатлон мо аллакай 67 толори фирмавиро ифтитоҳ намудем. Дар ҳар яки онҳо муштариён метавонанд аз ҳаҷми пурраи хизматрасониҳо истифода баранд, аз ҷумла вобаста ба интихоби тарофаю опсияҳои муфид машваратҳо гиранд, тарофаҳои махсусеро, ки ба воситаи онҳо метавон фаъолнокии талабагонро дар интернет назорат карда, онҳоро аз контенти номатлуб ҳифз намуд, пайваст кунанд, SIM-кортро дастрас намоянд ва бисёр амалҳои дигарро анҷом диҳанд. Ҳатто дар минтақаҳои дурдаст мо ҳаракат мекунем, ки сатҳи аз ҳама баланди хизматрасонӣ ба мизоҷонро таъмин намоем”, – қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...