Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев идома дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6927 сомонӣ;

1 евро – 10.7715 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 — Шумораи нахустини газетаи «Ведомости Совети Олии РСС Тоҷикистон» ба чоп расид.

1946 — Дар ИМА гурӯҳи марказии иктишофӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ба Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ) табдил ёфт.

2008 — Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» агрегати якум ба кор дароварда шуд.

2010 — Вакилони МНМО ҶТ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара»-ро тасдиқ карданд.

2010 — Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро тасдиқ кард.

1923 — Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева.

1944 — Мавлуди доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷумъа Сафаров.

1950 — Зодрӯзи олими таърихшинос Раҳматулло Маҳмадшоев.

1964 – Мавлуди олими соҳаи геология Муфарраҳ Муҳаббатов.

1964 – Зодрӯзи олими соҳаи математика Раҳим Одинаев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

99 сол пеш Ҷумҳурии Доғистон таъсис дода шуд. Соли 1813 байни Эрон ва Русия шпртномаи Гулистон ба имзо расид, ки мувофиқи он Доғистон ба ҳайати Русия дохил шуд.

Ҳамасола 20-уми январ Рӯзи Ҷумҳурии Қрим ҷашн гирифта мешавад, ки соли 2009 муқаррар шуда, соли 2014 бо қонуни ҷумҳурӣ тасдиқ шуд. Пойтахташ шаҳри Симферопол аст.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 6-11° хунук то 13-18 хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 29-34 хунук, (дар мавзеи Булункул то 47-49° хунук), рӯзона 16-21° хунук (дар мавзеи Булункул то 24-26° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 6-11° хунук то 13-18 хунук, рӯзона 0-5 хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон бо гузариш ба барфи тар) ба амал омада, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7/м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз боришот (борон бо гузариш ба барфи тар) ба амал омада, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 11-13° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...