Вазири фарҳанг Чоршанбе Аловатовро қадрдонӣ кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба ғолиби озмуни “Central Asia's Got Talent” Чоршанбе Аловатов ва дигар ҳунармандони ҷавоне, ки соли гузашта дар чорабиниҳои байнулмилалӣ аз фарҳангу ҳунари тоҷик намояндагии назаррас кардаанд, сипоснома ва мукофотпулӣ супорид.

Чоршанбе Аловатов ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки аз гирифтани сипоснома хушҳол шуда, минбаъд низ талош мекунад, дар чорабиниҳои дохиливу хориҷӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шавад.

“Айни замон танҳо ба таҳсил ва машқи овоз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода банд ҳастаму вақти кор кардан ҳам надорам”, – гуфт Аловатов.

Вай афзуд, ки дар ҳамдастӣ бо бархе аз сарояндагон тасмим гирифтаанд, моҳи марти соли ҷорӣ барои ҳаводорон ҳунарнамоӣ кунанд: “Мо дар арафаи ҷашни Наврӯз консерти муштарак баргузор мекунем. Бовар дорем, ки он барои мухлисони созу навои муосири тоҷик хотирмон хоҳад буд”.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent ғолиб омад.

Дар рақобат барои дарёфти зинаи аввал 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии озмун, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон анҷом пазируфт, шоҳҷоиза (гран-при) насиби Чоршанбе Аловатов гардид. Ба ӯ ҳамчунин 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд.

Қаблан ин овозхони ҷавон дар мусоҳибаи мустақими Радиои “Азия-Плюс” 107FM изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҷоизаи худ ба ҷарроҳии як духтари нобино кумак мерасонад.

“Ман аллакай медонам, ки ҳамин маблағро ба чӣ сарф кунам. Пеш аз ба он ҷо рафтан бовар надоштам, ки ғолиб мешавам. Ман як-ду шиносе дорам, ки ба ёрӣ ниёз доранд. Дар як ҷо бахшида ба Рӯзи маъюбон суруд хондам. Дар ин чорабинӣ як духтар ҳам суруди зебо хонд, ки чашмонаш намебинанд. Ба ман гуфтанд, ки барои ҷарроҳии ин духтар маблағ лозим аст. Дар дилам гуфтам, ки агар дар озмун ғолиб шавам, ба ин духтар ҳатман кумак мерасонам. Инро мумкин Худои Таъоло шунид, ки пирӯзӣ насиби ман шуд”, – гуфт Аловатов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...