Қирғизистон ду деҳаро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кард

Asia-Plus

Қирғизистон ду қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак дар деҳаи Самарқандакро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кард. Дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи кумитаи парлумон оид ба корҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амният муовини сарвазир Жениш Раззоқов хабар додааст. Дар ин хусус "Азаттык" иттилоъ медиҳад.

“Дар хусуси ивази ду қитъа ҳар ду ҷониб розиянд”, – гуфтааст Раззоқов.

Ӯ қайд кардааст, ки вохӯрӣ бо гурӯҳи кории Тоҷикистон пагоҳ, 22-юми январ дар Бишкек баргузор мешавад.

Қаблан аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шуданд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Пас аз муноқишаи навбатӣ ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид гузаронида, аз рӯйи натиҷаҳои он протокол қабул шуд. Рӯзи 15-уми январ таҳияи як банди ин протокол оғоз шуда, гурӯҳи кории Қирғизистон масъалаи ивази қитъаҳоро бо Тоҷикистон баррасӣ кард.

Тибқи мувофиқаи ҳайатҳо, дар қаламрави наздисарҳадӣ қитъаҳое муайян мешаванд, ки дар шакли “катакҳои шоҳмотӣ” ҷойгиранд. Пешниҳодот оид ба ивази онҳо то 1-уми марти соли 2020 таҳия хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре 24.kg иттилоъ медиҳад, вакил Таабалди Тиллоев ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки то ивази қитъаҳо байни аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.

“Одамон дар ташвишанд, ки заминҳояшонро ба Тоҷикистон медиҳанд. Дар пойтахт ё дидбонгоҳҳои сарҳадӣ маҷлис гузаронидан лозим нест. Назди мардум рафта, дар ҳамон маҳал гуфтушунид кардан лозим аст. Оқсақолҳоро ба ин кор ҷалб кунед, мо, вакилон ҳам рафта метавонем”, – гуфтааст ӯ.

Муовини сарвазир изҳор доштааст, ки то ивази қитъаҳо бо ҳар як сокини онҳо машварат гузаронида мешавад.

“Барои иваз ду қитъа – дар деҳаҳои Оқсой ва Самарқандак пешниҳод шуд. Агар сокинони маҳаллӣ розӣ набошанд, ҳеҷ гуна иваз сурат намегирад. Мо бо ҳар як сокини синни аз 18-сола боло вомехӯрем”, – илова кардааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...