Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вазифааш монд

Asia-Plus

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз номзадии Прокурори генералии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аъзои палатаи болоии парлумон барои таъини дубораи Юсуф Раҳмон ба ин вазифа ризоият доданд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.

Мутобиқи моддаи 56 қисми 4-и Конститутсияи ҶТ, ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ мебошад.

Генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон аз 23-юми январи соли 2015 дар вазифаи Прокурори генералии ҶТ фаъолият карда, акнун ваколатҳои ӯ барои 5 соли оянда тамдид шудааст.

Ҳасби ҳол: Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22-юми марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Аз июли соли 1991 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 1992 – муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз ноябри соли 1993 – муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз декабри соли 1995 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.

Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ.

Аз октябри соли 1998 – Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Аз июни соли 2002 – Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии ҶТ.

Аз 5-уми марти соли 2010 то 30-юми январи соли 2012 – Прокурори вилояти Суғд.

Аз 30-юми январи соли 2012 то 14-уми декабри соли 2014 – сардори шуъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти ҶТ.

Аз 14-уми декабри соли 2014 то 23-юми январи соли 2015 – муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...