Раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон масоили сарҳадро баррасӣ карданд

Date:

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми январ дар суҳбати телефонӣ бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили марзиро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related