Вазири нави рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кист?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми январ бо фармони президенти кишвар Завқӣ Завқизода Амин вазири нави рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини вазири ин ниҳод кор мекард.

Вазири нав дар ин вазифа Неъматулло Ҳикматуллозодаро иваз кард, ки ӯ низ ҳамин рӯз ёвари президент оид ба масоили иқтисодӣ таъин гардид.

Вазири нав кист?

Завқӣ Завқизода соли 1972 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ” бо баҳои аъло хатм кардааст.

Соли 2001 дар Донишгоҳи милли Австралия ба дарёфти унвони магистр оид ба рушди иқтисодӣ ва соли 2006 дар ҳамин донишгоҳ ба гирифтани унвони доктори улуми иқтисодӣ ноил шудааст.

Завқӣ Завқизода дар соҳаи иқтисод ва умури бонкӣ таҷрибаи васеи корӣ дорад.

Фаъолияташро соли 1995 дар Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2003 ба ҳайси Иқтисодчии дараҷаи аввали шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва тарҳрезӣ, Сариқтисодчии шуъбаи қарздиҳӣ ва Сардори шуъбаи қарздиҳии Раёсати амалисозии сиёсати пулӣ (монетарӣ) кор кардааст.

Давоми солҳои 2003-2006 дар докторантураи Донишгоҳи миллии Австралия таҳсил намудааст. Ҳамзамон тӯли солҳои 2004-2005 ба сифати омӯзгори фанҳои молиявӣ-иқтисодӣ бо забони англисӣ дар Донишгоҳи мазкур кор кардааст.

Соли 2006 ба ҳайси муовини сардори Раёсати амалиёт дар бозори кушоди Бонки миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Соли 2007 Завқизода намояндаи Тоҷикистон дар Хазинаи байнулмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъин шуд. Ҳамзамон вазифаи мушовири мудирони иҷроияи ин ду ниҳоди бонуфузи молии байнулмилалиро иҷро мекард.

Солҳои 2011-2014 дар вазифаи роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ машғули кор буд.

Соли 2014 раисҷумҳур ӯро ба вазифаи сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ таъин кард.

Аз моҳи октябри соли 2017 то имрӯз Завқизода дар вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...