Вируси нав аз Чин: Бояд чиро донем ва чӣ гуна эмин бошем?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Аз намуди нави коронавируси 2019-nCoV дар Чин то имрӯз 26 кас фавтида, беш аз 830 нафар гирифтори он шудаанд. Ҳукумати Чин ниҳоятан вуруд ва хориҷшавии шаҳрвандонро дар шаҳри Ухан, ки маҳалли пайдоиши ин беморист, маҳдуд кардааст.

Мақомоти тоҷик дархост карданд, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдуд карда шавад. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода рӯзи сешанбе, 21-уми январ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мактуб ирсол кардааст, ки то муътадил шудани вазъият сафарҳои шаҳрвандон ба Чин маҳдуд гардонида шавад”, – гуфт Камолзода.

Дар пайи тасмимҳои вазорати тандурустӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ ва фурудгоҳҳои кишвар пурзӯр ва ташхиси мусофирон ҷиддӣ шудааст. Ҳамзамон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Чин нисфирӯзии 23-юми январ аз қатъи тамоми парвозҳо байни ду кишвар то моҳи феврали соли ҷорӣ хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба оғози соли нави чинӣ рабт дорад. Ин ҷашн имсол ба 25-уми январ рост меояд ва зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад. Дар арафаи он хитоиҳои тамоми ҷаҳон ба ватан ва пеши наздиконашон бармегарданд.

Дар пайи хабарҳои изтиробангези асонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қисме аз сокинони Тоҷикистон низ ба хариди ниқоби тиббӣ ва доруҳои зидди зуком шурӯъ кардаанд.

Бахтовар Мунавваровро дар яке аз дорухонаҳои маркази шаҳри Душанбе дар ҳоли хариди ниқоби тиббӣ ва доруи зидди зуком дарёфтем. Ӯ бовар дорад: “Ин ниқоб аз вирусҳо ва дигар бемориҳои нав муҳофизат мекунад”.

Бахтовар афзуд: “Ҳоло як навъ зуком омадааст ва ростӣ, хонаводаи мо ҳамагӣ ба он гирифторанд. Ҳамин ҳоло ба дорухона барои харидани дору омадам”.

Ҳамзамон дар дорухонаҳо аз зиёд шудани талабот ба ниқоби тиббӣ ва дорувории зидди зуком иттилоъ медиҳанд. Фурӯшандаи яке аз дорухонаҳои маркази пойтахт Шукруллоҳ Бурҳонов инро тасдиқ кард. 

“Ҳафтаи ахир талабот ба ниқобҳои тиббӣ зиёд шудааст. Ин аз ҳисоби зуком аст ё вирус, намедонам, вале мардум ниқобакҳоро зиёд мехаранд”, – гуфт доруфурӯш.

Афзоиши талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар ҳолест, ки мавсими бемориҳои роҳи нафас дар кишвар идома дорад.

Мутахассисон мегӯянд, эҳтимоли паҳншавии вирус аз тариқи маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад. Харидуфурӯш дар бозорҳои Тоҷикистон, ки пур аз маҳсулоти чинӣ аст, чун ҳамеша дар авҷ. Ҳарчанд Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти гӯштӣ ворид намекунад, ҳамоно аз эҳтиёт кор гирифтан тавсия мешавад.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то кунун ҳолати сироят ба коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Коронавируси 2019-nCoV ангезандаи нав ва то ҳол барои табибон номаълум аст, ки ба гуфтаи мутахассисон, дар ҳайвоноти хонагӣ пайдо ва инкишоф ёфта, қобилияти мутобиқшавию сироят ба инсонро дорад. Мавзеи хуруҷи он шаҳри Ухани Чин буда, ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Тайланд, Сингапур ва ИМА мушоҳида шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даъват мекунад.

“Худдорӣ аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъи одамон, хусусан, бозор ва маконҳое, ки шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас зиёданд, тавсия мешавад. Мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда лозим аст. Даст нарасондан ба паҳлӯҳои луобӣ, хусусан, ба биниву чашму даҳон ва тез-тез шамол додани манзили зист, истифодаи бештари меваҷоту сабзавот, ки дар таркиби онҳо витамини С зиёд асту масунияти одамро баланд мегардонад, инчунин сайру гашт дар ҳавои кушод аз манфиат холӣ нест”, – иброз дошт Мирҳамуддин Камолзода.

Хабари паҳншавии ин беморӣ нигарониҳои зиёдро дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба бор овардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хушдор додааст, кишварҳо ба хуруҷи коронавирус омода бошанд, аммо аз эълони вазъияти фавқулода дар саросари ҷаҳон то ҳол худдорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...