Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: имконоти нави ҳамкорӣ барои “ояндаи сабз”

Жозеп Боррелл Фонтелес, Намояндаи олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ/Муовини Раиси Комиссияи Аврупо

Дар таърихи 28-уми январи соли 2020, як зумра дӯстон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Берлин барои конфронсе, ки Вазорати корҳои хориҷаи Олмон таҳти унвони “Осиёи Марказии Сабз” ташкил карда истодааст, ҷамъ меоянд. Ман бо хурсандӣ ширкат дар ин конфронсро қабул намудам ва аз пайвастан ба Вазирони корҳои хориҷаи минтақа бо ду сабаби асосӣ хушҳол ҳастам:

Аввалан, барои қайд намудан таъхирнопазирии мубориза бо мушкилии тағйирёбии иқлим ва муҳиммияти сафарбар намудани ҳамагон барои ҳалли масъалаи мазкур. Илм дақиқан баён намуда истодааст: мо бо бӯҳрони воқеии иқлим дучор шудаем. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти бузургтарини геополитикиест, ки рӯ ба рӯ шудаем. Он мушкилоти азнавтақсимкуниро ҳам дар дохили ИА ва ҳам берун аз он ба вуҷуд меорад ва омили таҳрики бесуботӣ ва муҳоҷират мебошад. Он адолати иҷтимоиро низ мушкил менамояд, ҳадди мухолифатро баланд намуда, ба ҳуқуқи инсон таҳдид мекунад. Вогузор кардани бартарафнамоии таҳдидҳои бисёрҷонибаи мазкур танҳо ба мутахассисони соҳаи иқлим ҷоиз нест. Он бояд дар маркази сиёсати хориҷии мо қарор гирад.

Аврупо омода аст, ки муборизаи ҷаҳонии зидди тағйирёбии иқлимро пешбарӣ намояд. Моҳи декабри соли 2019 мо "Аҳдномаи Сабзи Иттиҳоди Аврупо" -ро қабул кардем, ки дар чорчӯбаи он Иттиҳоди Аврупо омода аст, то соли 2050 ба минтақаи безарар аз ихроҷи гази карбон табдил ёбад. Аммо ИА танҳо барои 9%-и ихроҷи ҷаҳонии гази карбон вобаста аст, ва аз ин сабаб дигар давлатҳо низ бояд ба мо бипайванданд.

Сабаби дуввум ин аст, ки конфронс имконияти хуб барои бори дигар тасдиқ намудани ӯҳдадориҳои бар дӯш гирифтаи ИА дар таҳкими ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ мебошад. Воқеан, муносибатҳо ба марҳилаи нав гузаштанд. Соли гузашта Вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳоди Аврупо Дурнамои нав оид ба Осиёи Марказиро қабул намуданд, ки мақсади мушаххаси он ин тақвияти ҳамкориҳои мо бо минтақа аст, то он ба фазои боз ҳам мустаҳкамтар, рушдёбанда ва ҳамгиро табдил ёбад. Мо имконияти бузургро дар ҳамкории бештари минтақавӣ дар Осиёи Марказиро мебинем ва ин ақидаро сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар саммити моҳи ноябри соли гузашта дар Тошканд баён карда буданд, иброз менамоянд.

Тағйирёбии иқлим масъалаи афзалиятноктарини шарикии мо маҳсуб меёбад, зеро он ба Осиёи Марказӣ махсусан таъсир расонида истодааст. Дар се даҳсолаи охир, ҳарорати миёнаи солона дар минтақа аллакай 0.5°С дараҷа баланд шуда, хушксоливу норасоии об тамоми экосистемаҳоро вайрон кардаанд. Хушкшавии баҳри Арал як мисоли равшани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аст. Ин на “танҳо як мушкилоти" экологӣ аст, балки фалокат барои тамоми сокиноне, ки дар сарҳади соҳили пешинаи он зиндагӣ мекарданд, арзёбӣ мешавад.

ИА, дар тафовут аз баъзе шарикони дигари шумо, метавонад бархӯрди воқеии минтақавӣ ва фаромарзиро барои ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ пешниҳод намояд. Мо дорои таҷрибаҳое ҳастем, ки тайёрем ба шумо таҳвил диҳем. Масалан, низоми савдои квотаи партовҳои мо, ки метавонад ба минтақаҳо дар мутобиқшавӣ дар ҷараёни даст кашидан аз истифодаи ангишт кӯмак расонад; ва ё донишҳо оиди манобеи нерӯи тоза ва барқароршаванда. Инчунин, мо ҳамчун донори бузургтарини ҷаҳон дар маблағгузории соҳаи иқлим дорои олотҳои пешкаш намудани кӯмак ҳастем. Дар якҷоягӣ бо давлатҳои аъзо, мо беш аз 40%-и маблағгузории оммавии иқлими ҷаҳонро таъмин менамоем.

Осиёи Марказӣ аллакай аз як қатор лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, баҳра бурда истодааст. Яке аз ташаббусҳои асосии минтақавии мо ин Платформаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ мебошад, ки соли 2009 таъсис ёфтааст ва ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории он 12-13-уми феврал дар Брюссел баргузор хоҳад шуд.

Ташаббуси дигари муҳими Иттиҳоди Аврупо ин Барномаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ (CAWEP) мебошад, ки ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амнияти энергетикӣ ва захираҳои обӣ мусоидат мекунад. Ин барнома ба муколамаи байни ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар бораи идоракунии муштараки захираҳои обӣ, ба монанди ҳавзаи баҳри Арал, тавассути дастгирии созмонҳои минтақавӣ, аз зумраи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) мусоидат намудааст. Марҳилаи навбатии ин барнома шомил намудани Афғонистонро дар бар дорад, ки он давлати калидии наздисоҳилии Амударёст.

Инчунин қариб даҳ сол мешавад, ки ИА ба безараргардонии партовгоҳҳои кӯҳнаи уранӣ дар Осиёи Марказӣ машғул аст. Он барои дастгирии нақшаҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳафт мавзеъҳои афзалиятноки объектҳои уранӣ дар водии Фарғона, ки “хирмани гандуми” -и минтақа мебошад, 41 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

Ман бо умедворӣ чашмдори Конфронси «Об барои рушди устувор» ҳастам, ки моҳи июни соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барпо карда мешавад. Мо умедворем, ки ин конфронс ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид саҳмгузор хоҳад шуд ва он таваҷҷӯҳи сиёсии сатҳи баландро ба мушкилоти афзояндаи идоракунии захираҳои обӣ ҷалб хоҳад кард. Барои пешбурди ҳамкориҳои байнисарҳадии об, ИА он кишварҳои Осиёи Марказиро, ки то ҳол чунин накардаанд – хусусан Тоҷикистон ва Қирғизистонро – ташвиқ менамояд, ки ба Конвенсияи Хелсинки оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ аз соли 1992 ҳамроҳ шаванд.

Дар тӯли ваколатам, ҳар кори аз дастам меомадаро барои пешбурди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ оид ба иқлимро ба анҷом хоҳам расонид. Иттиҳоди Аврупо омода аст, саҳми худро дар дохили сарҳадҳои худ гузорад, ва бо шарикон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла онҳое, ки аллакай таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлимро эҳсос карда истодаанд, ба монанди Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...