Тоҷикистон ба талафи миллионҳо дар бозори телекоммуникатсия идома медиҳад

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Тайи шаш соли охир тамоюли коҳиши даромадҳо дар бозори телекоммуникатсия ба мушоҳида мерасад. Соли 2019 даромад аз алоқа 1 млрд. 964 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин (соли 2018) 1,6% зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол, бо ҳисоби доллар ҳаҷми он беш аз $70 млн. кам шуд.

Соли 2019 даромади бозори телекоммуникатсия ба 202 млн. доллар баробар шуд. Дар соли 2018 ин нишондиҳанда 275 млн. доллар ва барои муқоиса соли 2013, яъне 6 сол пеш 540 млн. долларро ташкил медод.

Коршиносон зиёнро дар бозори телекоммуникатсия ба андозбандии баланд дар кишвар, ҷорӣ сохтани Маркази ягонаи телекоммуникатсионӣ ва дигар монеъаҳо рабт медиҳанд, ки ба арзиши баланди дастрасӣ ба хизматрасонӣ боис мешавад.

Дар муқоиса бо Қирғизистон чаро дар Тоҷикистон интернет чунин гарон ва суръаташ пасттар аст? – суоли яке аз рӯзноманигорон дар нишасти хабарӣ .

– Худатон чи фикр доред, чаро? – бо суол посух дод муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев, вале баъдан гуфт:

– Масалан, шумо дар бозори яклухтфурӯшии Корвон бо 50 сомонӣ як кило гӯшт мехаред, вале то хонаатон расонидан нархаш ҳамин хел боқӣ намемонад-а? Зеро аз Корвон то ба марказ овардани маҳсулот шумо аз таксӣ ва ғайра истифода мекунед.

Дар ҳамин ҳол, Атоев қайд кард, ки дар ширкати миллии фароҳамсози интернет (провайдер) хизматгузориҳо ба интернет тамоман дигаранд.

Аз рӯйи арзши интернет байни 230 кишвари дунё Тоҷикистон зинаи 103-юм ва миёни кишварҳои ИДМ як зина болотар аз охирро ишғол мекунад. Дар таҳқиқоти Worldwide mobile data pricing, ки дар он арзиши хизматгузориҳои интиқоли маълумот арзёбӣ мешавад, зикр мегардад, ки соли 2018 барои як гигабайт интернет дар Тоҷикистон 4,84 доллар маблағ пардохт шуд. Байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаи дуюмро Қирғизистон – 0,27 доллар (пас аз Ҳиндустон бо нишондиҳандаи миёнаи 0,26 доллар) ва сеюмро Қазоқистон (0,49 доллар) ишғол мекунанд.

Дар раддабандии навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз зинаи охирин ба ҷойи 132-юм боло рафт. Портали хизматгузории интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги навбатиро оид ба суръати интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар ҷаҳон барои моҳи октябри соли 2019 нашр кард.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 132-юмро дар байни 141 кишвар ишғол мекунад.

Аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ низ Тоҷикистон се зина боло рафта, миёни 176 давлати дунё мақоми 108-умро касб кардааст.

Қаблан аз лиҳози суръати интернети мобилӣ муаллифон Тоҷикистонро дар зинаи 137-уми охирин пас аз Афғонистон ҷой дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...