Ҳар муштарии дуюми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон рақамист

Иттилоияи расмӣ

Ҳар муштарии дуюми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон силсилаи тарофаҳои “Биё”-ро, ки барои истифодабарандагони фаъоли интернет – ба ном мизоҷони рақамӣ нигаронида шудааст, интихоб менамояд. Сабабҳои асосии маъруфияти ин тарофаҳо – мавҷудияти бастаҳои мухталиф “аз рӯйи шавқу завқ” ва имкониятҳои васеи интернетии истифодабарандагон маҳсуб меёбанд. 

Хусусиятҳои тарофаҳои силсилаи номбурда, ки бори нахуст бо ин шакл дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, ҳатто дар номи бастаҳо инъикос гардидаанд. Ҳамин тариқ, “Гап зан” барои дӯстдорони алоқаи овозӣ, “Бубин” – барои дӯстдорони онлайн-наворҳои видеоӣ, “Бишнав” бошад – барои дӯстдорони мусиқии мобилӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар баробари ин, қариб ҳамаи тарофаҳоро мавҷудияти ҳаҷми бузурги трафики интернет дар онҳо (то 20 Гб дар як моҳ), паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии ройгон муттаҳид мекунанд. Барои ҳамин, маҳз истифодабарандагони интернет бештар тарофаҳои силсилаи “Биё”-ро интихоб мекунанд. 

“Аз рӯйи далеле, ки аллакай ҳар муштарии дуюми минтақаи мо ба силсилаи тарофаҳои “Биё” пайваст шудааст, метавон хулоса баровард, ки интернет ба зарурати маъмулӣ табдил ёфтааст. Ба воситаи интернети босуръат метавон таълим гирифт, дилхушӣ намуд, ё ба таври оперативӣмасъалаҳои кориро ҳал кард – масалан тавассути почта файлҳоро аз дилхоҳ маконе, ки соҳиби смартфон қарор дорад, ирсол намуд. Лекин аз ҳама муҳим он аст, ки муштарӣ худ муайян менамояд, ки маҳз кадом телеком-хизматрасониҳо ба ӯ лозиманд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Тавре дар ширкат қайд мекунанд, маъруфияти тарофаҳои “Биё” бевосита бо рушди инфрасохтор ва суръатҳои интернети ба муштариён дастрас вобаста мебошад. Дар бисёр ноҳияҳои Хатлон МегаФон Тоҷикистон шабакаи 4G-ро ба кор даровард, ки он имкони таҳвили маълумотро бо суръатҳои аз ҳама баланд дар ҷумҳурӣ фароҳам меорад.

Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти мустақили ширкати Ookla*, истеҳсолкунандаи замимаи номдори “SpeedTest”, маҳз МегаФон ба муштариёни худро бо суръатҳои баландтарин дар Тоҷикистон таъмин менамояд. Васеъшавии шабакаи насли чорум имкон медиҳад, ки бастаҳои силсилаи “Биё” пурра ва босамар истифода карда шавад: дар тарофаи мазкур тамошои видео, гӯшкунии мусиқӣ дар интернет, хондани китобҳо ба тариқи онлайн ва табодули паёмакҳо дар паёмрасонҳо дастрас мебошанд.   

*Мувофиқи маълумоти ширкати Ookla аз рӯйи семоҳаи 2-3 с.2019

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.