Сохтмони аввалини нақби лӯлаи гази Туркманистон-Чин дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист

Бунёди нахустин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Туркманистон” (шохаи D) имсол ба ба охир мерасад. “Айни замон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони нақби аввал ҷараён дорад. Тақрибан 99% корҳо дар ин иншоот ба анҷом расиданд”, – хабар дод муовини вазири энергетика ва захираҳои оби […]

Бунёди нахустин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ Туркманистон” (шохаи D) имсол ба ба охир мерасад.

“Айни замон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони нақби аввал ҷараён дорад. Тақрибан 99% корҳо дар ин иншоот ба анҷом расиданд”, – хабар дод муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш.

Ӯ қайд кард, ки ба наздикӣ сохтмони дигар иншооти ин лӯлаи газ оғоз мешавад.

Шарифа Худобахш таъкид дошт, ки масофаи қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин аз ҳама тӯлонитар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистону Ӯзбекистон (205 км), Тоҷикистон (391 км), Қирғизистон (215 км)  ва Чин (155 км) мегузарад. Он қисми таркибии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” буда, ба афзоиши иқтидори умумӣ то ба 85 млрд. метри мукааб имкон медиҳад.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. бо иштироки ҳиссаи ҷонибҳо ҳар кадоме 300 млн. долларӣ созишнома ба имзо расид.

Дар доираи лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 42 нақби кӯҳӣ бо масофаи умумии 63,3 километр ва дигар иншооти зерсохтор пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳроҳи лӯлаи газ аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то марзи Қирғизистон мерасад.

Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...