Боздошти 113 нафар дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”

Date:

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод, ки аз оғози соли 2020 ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), фаъолияташ соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба корҳои ошкор ва боздошти боқимонда аъзои ин созмони фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ идома медиҳанд.

“Миёни боздоштшудагон як корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ва наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон ҳастанд”, – гуфт ӯ.

Юсуф Раҳмон овозаҳои байни боздоштшудагон ҳузур доштани кормандони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, кормандони баландпояи вазорату идораҳои давлатиро беасос донист.

“Фаъолияти “Ихвон-у-муслимин” дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон манъ буда, ҳадафи аслии ин созмон сарнагун кардани сохти контситутсионӣ дар давлатҳои гуногун ва барқарор сохтани қонунҳои исломист”, – қайд кард прокурори генералӣ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...