Боздошти 113 нафар дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод, ки аз оғози соли 2020 ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), фаъолияташ соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд. Прокурори генералӣ қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба корҳои ошкор ва боздошти боқимонда аъзои ин созмони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иттилоъ дод, ки аз оғози соли 2020 ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), фаъолияташ соли 2006 дар Тоҷикистон манъ шудааст, 113 нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шудаанд.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба корҳои ошкор ва боздошти боқимонда аъзои ин созмони фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ идома медиҳанд.

“Миёни боздоштшудагон як корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ва наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии Тоҷикистон ҳастанд”, – гуфт ӯ.

Юсуф Раҳмон овозаҳои байни боздоштшудагон ҳузур доштани кормандони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, кормандони баландпояи вазорату идораҳои давлатиро беасос донист.

“Фаъолияти “Ихвон-у-муслимин” дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон манъ буда, ҳадафи аслии ин созмон сарнагун кардани сохти контситутсионӣ дар давлатҳои гуногун ва барқарор сохтани қонунҳои исломист”, – қайд кард прокурори генералӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.