Прокурори генералии Тоҷикистон ҷонибдори бекор кардани моратория ба ҳукми қатл аст

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҷонибдори бекор кардани моратория (даст кашидан аз иҷро) ба ҳукми қатл дар кишвар аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки қаблан низ чунин изҳори назар карда буд. “Соли 2019 танҳо бо ҷурми даст доштан дар терроризм аз ҳисоби шахсони қаблан маҳкумшуда беш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҷонибдори бекор кардани моратория (даст кашидан аз иҷро) ба ҳукми қатл дар кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки қаблан низ чунин изҳори назар карда буд.

“Соли 2019 танҳо бо ҷурми даст доштан дар терроризм аз ҳисоби шахсони қаблан маҳкумшуда беш аз 100 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд. Онҳо ислоҳнашавандаанд. Мо онҳоро такроран ба ҷавобгарӣ мекашем. Ба муҳлате, ки онҳо адои ҷазо мекунанд, мо ҳадди ниҳоӣ ду-се сол илова карда метавонем. Онҳо боз ба ҷинояткорӣ даст мезананд”, – таъкид дошт прокурори генералӣ.

Ёдрас мекунем, соли 2016 Юсуф Раҳмон пешниҳод намуд, истифодаи ҳукми қатл нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва бераҳмона содир кардаанд, аз ҷумла, террористон, хоинони Ватан ва касоне, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардаанд, васеъ шавад.

“Ҳукми қатл бояд нисбат ба шахсоне истифода шавад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин ва бераҳмона содир кардаанд, аз қабили дидаву дониста куштани якчанд кас бо бераҳмии махсус, террористону хоинони Ватан ва касоне, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардаанд”, – изҳор дошта буд ӯ соли 2016.

Моҳи июни соли 2003 шумори моддаҳо дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки дар онҳо ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, аз 15 то 5 адад кам шуд.

Аз моҳи июни соли 2004 дар Тоҷикистон моратория ба ҳукми қатл амал мекунад, ки аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.