Бунёди кинотеатр дар собиқ масҷиди “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд яке аз биноҳои собиқ масҷиди “Нури Ислом” ба кинотеатри хурд табдил мешавад. Дар ин хусус рӯзи 27-уми январ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти соли 2019 иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, кинотеатри мазкур барои 80 ҷойи нишаст буда, то ин дам ҳамаи таҷҳизоти […]

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд яке аз биноҳои собиқ масҷиди “Нури Ислом” ба кинотеатри хурд табдил мешавад.

Дар ин хусус рӯзи 27-уми январ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти соли 2019 иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, кинотеатри мазкур барои 80 ҷойи нишаст буда, то ин дам ҳамаи таҷҳизоти махсуси намоиши филмҳо васл шудаааст. Айни замон корҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ҷараён дорад.

“Ба ғайр аз намоиши филмҳо, дар ин ҷо маҳфили дӯстдорони кино ташкил карда мешавад. Мардум пас аз тамошои филм дар бораи он табодули назар карда метавонанд. Дар Аврупо чунин таҷриба доранд, ки барои пешрафти соҳа хеле муҳим аст”, – қайд кард Бахтиёр Қосимов.

Вай афзуд, замони шӯравӣ дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд кинотеатрҳо вуҷуд доштанд, вале ҳамаи онҳо фурӯхта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 5 кинотеатр амал мекард: “Ватан” – ҳоло Театри наврасону ҷавонон, “Тоҷикистон” – Қасри ҷавонон, “Октябр” – телевизиони вилояти Суғд, “Островский” – бинои истиқоматӣ, “Баҳор” – шахсӣ шудааст.

Ин кинотеатри хурди навтаъсис бори аввал дар замони Истиқлолият ташкил шуда, он дар арафаи Иди Наврӯз дарҳои худро боз мекунад.

Яке аз масъулони собиқи соҳаи фарҳанг мегӯяд, замони шӯравӣ дар вилояти Суғд 63 кинотеатри пӯшида ва қариб 35 кинотеатри кушода фаъолият доштанд, вале аз сабаби мушкилоти соҳаи кино ҳамаи онҳо ба Марказҳои ҷавонон ва Қасрҳои фарҳанг мубаддал шуданд. Ҳамчунин кинотеатрҳои кушода, ки дар байни маҳаллаҳо буданд, ба хонаҳои истиқоматӣ табдил ёфтанд.

Мушкилоти набудани кинотеатр борҳо зимни суҳбат бо кормандони “Суғдсинамо” зикр шудааст. Аз рӯйи эълонҳои онҳо низ маълум аст, ки намоиши филмҳо дар тӯйхонаи Нуртекси шаҳри Хуҷанд сурат мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.