Дар Тоҷикистон шахсеро ҷустуҷӯ доранд, ки ба маҳбусон нони заҳролуд дод

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корҳои муайян кардани шахсият ва ҷустуҷӯву боздошти он касеро, ки ба маҳбусони аз вилояти Суғд ба дигар зиндонҳои кишвар интиқолмеёфта нони заҳролудшуда дода буд, идома медиҳанд. Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи далели ҳалокати 14 нафар маҳбусон ҳангоми […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корҳои муайян кардани шахсият ва ҷустуҷӯву боздошти он касеро, ки ба маҳбусони аз вилояти Суғд ба дигар зиндонҳои кишвар интиқолмеёфта нони заҳролудшуда дода буд, идома медиҳанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи далели ҳалокати 14 нафар маҳбусон ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба Душанбе идома дорад. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки мувофиқи хулосаи ташхис, ҳамаи маҳбусони фавтида аз нон заҳролуд шудаанд.

“Аз рӯйи далели заҳролудшавӣ, ки ба марги 14 нафар маҳбусон боис гардид, прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд, ки тафтишот мебарад ва ҷараёни он зери назорати ман аст. Тафтишотро бояд муайян кунад, ки маҳбусон аз куҷо нони заҳролудшударо гирифтаанд”, – таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занон буданд, дар се мошини махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.