Прокурори генералӣ: аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” 20 нафар боздошт шуданд

Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шаби 6-уми ноябр сурат пазируфт, наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, миёни боздоштшудагон шахсони бевосита дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯйи далели ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шаби 6-уми ноябр сурат пазируфт, наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, миёни боздоштшудагон шахсони бевосита дар ҳамла иштирокнамуда ва ҳамчунин шахсоне ҳастанд, ки ба террористон дар амалисозии нақша кумак кардаанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон иброз дошт, ки парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ин далел ояндаи наздик ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон аз шарҳи минбаъда оид ба ин масъала бо сабаби сирри тафтишот худдорӣ варзид.

Шаби 6-уми ноябри соли гузашта гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд.

Намояндагони КДАМ таъкид дошта буданд, ки онҳо ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” буда, аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок ва 15 нафар ҷангиён кушта шуданд. КДАМ дар бораи боздошти 5 нафар ҷангиёни зиндамонда хабар дода буд, ки мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои мақомоти қудратӣ, дар ҷараёни тафтишот ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки онҳо узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва бо супориши махсус 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Афғонистон бо истифода аз торикии шаб сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.