Дар ҷануби Тоҷикистон трактори нав ихтироъ карданд

Date:

Сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Неъматхон Одинаев трактори нав сохт. Аз дигар тракторҳои маъмулӣ он бо андоза фарқ карда, инчунин хароҷоти сӯзишворияш камтар аст. Корҳои васлу насби тракторро муҳандиси худомӯз дар зарфи 2 моҳ ба анҷом расонид.

“Ман инро барои он сохтам, ки кори худ ва деҳқононро осон кунам. Трактор барои шудгоркунии замини боғу полез истифода шуда метавонад, – мегӯяд ӯ. – Ҳеҷ камбудие надорад. Дар 3 соат 1 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) масраф мекунад. Аз техникаи воридотӣ бад нест”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Трактори худро Неъматхон дар намоиши ихтироъкориҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ муаррифӣ кард. Намоишгоҳ рӯзҳои истироҳат дар Кӯлоб баргузор шуд.

Садҳо ихтироъкорон аз гӯшаву канори минтақаи Кӯлоб ихтироъҳои худро барои эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ – сипор, комбайн,  дастгоҳи мевабурӣ, навъи нави осиё ва ғайра ба маърази тамошо гузоштанд. Чунин намоишгоҳ бори нахуст дар минтақа баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...