Нархи ниқобҳои тиббӣ дар Душанбе гарон нашудааст

Бар асари афзоиши шумори гирифторони бемории зуком дар Душанбе ва хуруҷи коронавируси нав дар Чин, сокинони пойтахт ба хотири пешгирии беморӣ акнун ҳарчи бештар аз дорухонаҳо ниқоби тиббӣ мехаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё нархи 1 ниқоби тиббӣ то 3 сомонӣ боло рафтааст. Қаблан онҳо 1 сомонӣ арзиш доштанд. Тавре маълум шуд, ин овозае беш […]

Бар асари афзоиши шумори гирифторони бемории зуком дар Душанбе ва хуруҷи коронавируси нав дар Чин, сокинони пойтахт ба хотири пешгирии беморӣ акнун ҳарчи бештар аз дорухонаҳо ниқоби тиббӣ мехаранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё нархи 1 ниқоби тиббӣ то 3 сомонӣ боло рафтааст. Қаблан онҳо 1 сомонӣ арзиш доштанд.

Тавре маълум шуд, ин овозае беш нест. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз якчанд дорухонаҳои шаҳр боздид карда, шоҳиди ҳол буд, ки ниқобҳои тиббӣ то ҳол 1 сомонӣ нарх доранд.

Ба гуфтаи фурӯшандагони дорухонаҳо, бар асари хуруҷи коронавируси 2019-nCoV ҳозир ниқобҳоро мисли пешин на аз Чин, балки аз Русия меоранд.

“Одамон хеле зиёд онҳоро мехаранд ва аз ин рӯ, хеле тез ба охир мерасанд. Дар баъзе дорухонаҳо аллакай ниқобҳо тамом шудаанд, дар чандеи дигар ниқобҳои рангашон гуногун дар фурӯшанд: сиёҳу сафед ва кабуду гулобӣ”, – гуфт фурӯшандаи яке аз дорухонаҳо.

Байни ҷавонон ниқобҳои рангашон сиёҳ бештар писанд буда, онҳо низ бо нархи пешина – 2 сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бархе тоҷикистониёни корчаллон дар гурӯҳҳои Facebook ба фурӯши ниқобҳои тиббии худ оғоз карданд. Як бастаи дорои аз 10 то 50 донаро мефурӯшанд. Аз 15 то 40 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Ниқобҳо бо ранг ва тасвирҳои гуногун пешниҳод мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.