Зани куҳансолтарини Тоҷикистон аз олам даргузашт

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шимоли Тоҷикистон зани дарозумртарини кишвар дар синни 126-солагӣ аз олам даргузашт. То пур кардани синни 127-солагӣ ба ӯ 1,5 моҳи дигар монда буд. Фотима Мирзоқулова дар охири асри XIX таваллуд шудааст.

Чӣ тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳияи Ашт Зафар Маҳмадҷонов иттилоъ дод, маросими видоъ рӯзи 25-уми январ дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт баргузор шуд.

“Қариб ҳама сокинони ҷамоат ва фаъолони ноҳия барои видоъ бо Фотима-апа ҷамъ омада буданд. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ омада буд. Фотима-апа бисёр шахси зиндадил, одамдӯст ва хайрхоҳ буд. Ҳар сол мо якҷо бо раиси ноҳияи Ашт якчанд бор ӯро хабар мегирифтем. Ӯ аз саломатиаш шикоят надошт”, – афзуд Маҳмадҷонов.

Фаъоли ҷамоат Холбибӣ Марқаева ба “Азия-Плюс” гуфт: “Фотима Мирзоқулова ягона сокини Тоҷикистон буд, ки дар 3 аср зиндагӣ кардааст. Ман ҳар рӯз ба назди ӯ мерафтам. Ӯ ба мо дар бораи худ нақл мекард. Вай хеле хотираи қавӣ дошт. Ба синну солаш нигоҳ накарда, худаш роҳ мегашт, дар рӯйи ҳавлӣ гардиш мекард. Фотима-апа ҳамроҳ бо духтари 82-солаи худ зиндагӣ мекард. Аз ҳама духтари калонии ӯ 92-сола буда, то ҳол бо наберагонаш тӯббозӣ мекунад”.

Роҳатой Қобилова, духтари 82-солаи Фотима Мирзоқулова чунин ёдовар шуд: “Модарам бисёр шахси ором буд. Ҳеҷ гоҳ ба корҳои ночиз аҳаммият намедод ва саломатияш хуб буд. Ӯ доим ба мо дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ, Ҷанги бузурги Ватанӣ ва дигар руйдодҳо қисса мекард. Моро доим таъкид мекард, ки “хурсандона зиндагӣ кунед”. Дар ҳаёт ба чизе ниёз надошт, ҳама хостаҳои ӯро барояш муҳайё мекардем. Модарам қариб тамоми умр ба ҷамъоварии пахта машғул буд”.

https://www.youtube.com/watch?v=CFs_3lfTs8s

Фотима Мирзоқулова 13-уми марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Ӯ соҳиби 8 фарзанд – 5 духтар, 3 писар ва зиёда аз 200 набераву абераву чабера мебошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...