Идомаи воридот аз Чин сарфи назар аз хуруҷи коронавирус

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сарфи назар аз баста будани ягона постгоҳи назоратии “Қулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин, муомилоти мол бо ин кишвар тариқи кишварҳои сеюм идома дорад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки чанде аз маҳсулоти Чин тариқи бандарҳои баҳрӣ ба дигар кишварҳо ва сипас аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Ғайр аз ин, таъкид дошт муовини вазир, самти савдои хориҷии Тоҷикистон ба таври кофӣ ҳархела аст: “Ба ҷуз Чин, мо имрӯз бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 40 давлат фаъолона тиҷорат дорем”.

Ҷӯразода таъкид дошт, ки дар ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон Чин саҳми назаррас (14,6%) дорад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон пас аз Русия ва Қазоқистон, Чин зинаи сеюмро ишғол мекунад. Соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин зиёда аз 660 млн долларро ташкил дод, ки беш аз 605 млн доллараш ба воридоти маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон рост меояд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғайриозуқаворӣ: масолеҳи сохтмон, сарулибос, техника ва таҷҳизоти гуногун ворид мешавад.

Муовини вазир қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои ба ҳадди ниҳоии камтарин таъсир расонидани вазъи мавҷудаи Чин ба иқтисоди кишвар чораҷӯйӣ мекунанд.

“Вазъ дарвоқеъ ҳам нигаронкунанда аст, – гуфт ӯ. – Лекин ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри роҳ надодан ба таъсири манфии вазъи кишвари ҳамсоя ба иқтисоди мо тадбирҳои зарурӣ меандешад”.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин самт сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки айни замон иҷро мешаванд. “Ҳозир дар ин самт ҳеҷ мушкилие нест”, – афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...