Палатаи ҳисоб: дар татбиқи лоиҳаи “Манзили дастрас” ҳудуди 42 млн сомонӣ зиён ошкор шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар фаъолияти КВД “Манзили дастрас” дар ҳаҷми наздики 42 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки бо дархости Прокуратураи генералӣ Палата фаъолияти корхонаро санҷида, маълум шуд, ки қисмате аз маблағҳои саҳҳомон, ки ба сифати пешпардохт дода шудаанд, ба суратҳисоби корхона нагузаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи солҳои 2013-2018 барои саҳмгузорӣ ба сохтмони манзил ҳамагӣ 215 нафар ба хазинаи КВД “Манзили дастрас” 27 млн сомонӣ пули нақд супорида, лекин минбаъд онҳо дар қисмати даромади корхона зикр наёфтаанд.

“Дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявии КВД “Манзили дастрас” ба сурати умум ба маблағи 41 млн 947 ҳазор сомонӣ зарари умумии молиявӣ ошкор шуда, аз ин миқдор ҳудуди 24,8 млн. сомонӣ (59%)-аш ба буҷети корхона баргардонида шуд ва дар мавриди баргардонидани 18 млн сомонӣ маблағи боқимонда чораҷӯйӣ мешавад”, – қайд кард роҳбари Палатаи ҳисоб.

Чиллазода зикр кард, ки маводҳо оид ба натиҷаи санҷиш ба Прокураураи генералӣ пешниҳод шуд. “Умедворам, ки соли 2020 маблағҳо пурра баргардонида мешаванд”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...