Осеби тоҷикон бар асари таркиши баллони газ дар Уралск

Asia-Plus

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони ғарбӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Ин мардон захмҳои гуногун бардошта, дар бемористон қарор доранд.

Тавре портали “Мой город” хабар медиҳад, таркиш шоми 30-юми январ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух додааст.

“Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шудааст. Дар майдони 89 метри мураббаъ девор ва рӯйпӯши сақфи бино оташ гирифтааст. Сӯхтор аз ҷониби кормнадони Хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд”, – гуфтааст сардори Раёсати коҳиши хавфи офатҳо ва назорат дар соҳаи мудофиаи гражданӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мардон аз таҷҳизоти газӣ гарм шуда, бо он баллони дуюмро гарм карданӣ шудаанд, ки дар натиҷа он таркидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ин бино ба корҳои таъмир машғул будаанд.

Дар Раёсати тандурустии вилоят хабар додаанд, ки осебдидагон захмҳои сӯхта гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...