Муовини вазири фарҳанг: Дар “маршировка” ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар посух ба суоли “Оё иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрист ё маҷбурӣ?” муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мумкин иттилоъ нодуруст бошад, лекин бо вуҷуди он боварӣ дорам, қариб 90 фисади донишҷӯён хоҳиши иштирок доранд”.

Аммо, ба қавли ӯ, баъзан ҳолатҳое низ буданд, ки онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд: “Рӯзҳои аввали иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо каму беш нофаҳмиҳо буд. Ба ман ҳам суол доданд, ки барои чӣ дар давлати бародарии Ӯзбекистон ё дигар кишварҳо ҳамин корҳо намешавад?”

Обидҷон Назариён яке аз масъулони баргузории “маршировкаҳо” дар Тоҷикистон аст ва зимни суханронияш аз он изҳори хушнудӣ кард, ки “дар ҳамин чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд ва оила барпо мекунанд”.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласаи васеъи Вазорати маориф пешниҳод шудааст, ки донишҷӯён баъд аз дарс ба маршировка фаро гирифта шаванд.

“Бо вазири маориф ва ректорҳо дар ҷаласаи васеъ пешниҳод кардем, ки донишҷӯён ҳам таҳсили худро идома диҳанд ва ҳам дар чорабинӣ иштирок намоянд. Ягон монеагӣ набуд. Ҳамон 10 фоиз хоҳиши иштирок надоранд ва овоза мекунанд. Ман бо баъзеи онҳо суҳбат кардам ва аз ягон нафар сухани қабеҳ ё норозигӣ нисбат ба давлат, миллат ё чунин чорабинӣ нашунидам. Ман ба шумо гапи дурӯғ намезанам, бархеи онҳо мегӯянд: “устод, кай мешавад ҳамин чорабиниҳо, ки мо иштирок кунем?”, – афзуд Назариён.

Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки масъулони донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, донишҷӯёнро маҷбуран ба маршировка ҷалб накунанд, чун иштирок дар ин чорабиниҳо ихтиёрист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.