Сокинони Бадахшон бо сангҳои гаронбаҳо дар Душанбе дастгир шуданд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар пойтахт бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо боздошт карданд. Тибқи иттилои ВКД, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ – мардони 30, 32 ва 59-сола дар бастани аҳди ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешаванд. Гуфта мешавад, ин шахсон дар кӯчаи Яккачинари шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз онҳо 53 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар пойтахт бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо боздошт карданд.

Тибқи иттилои ВКД, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ – мардони 30, 32 ва 59-сола дар бастани аҳди ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ин шахсон дар кӯчаи Яккачинари шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз онҳо 53 адад сангҳои гаронбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира гардид.

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи ҶТ, сангҳои мусодирашуда “Ёқути сурх” буда, вазнашон 47,76 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.