Дар Суғд 157 нафари аз Чин омада зери назоратанд

Шаҳрвандон ва донишҷӯёне, ки аз кишвари Чин ба вилояти Суғд меоянд, дар беморхонаҳои сироятӣ 14 рӯз зери назорати духтурон қарор гирифта, баъдан ҷавоб мешаванд. Айни замон 157 нафар сокинони вилоят дар чунин муассисаҳо ҷойгир карда шудаанд. Дар ин хусус раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Шаҳрвандон ва донишҷӯёне, ки аз кишвари Чин ба вилояти Суғд меоянд, дар беморхонаҳои сироятӣ 14 рӯз зери назорати духтурон қарор гирифта, баъдан ҷавоб мешаванд. Айни замон 157 нафар сокинони вилоят дар чунин муассисаҳо ҷойгир карда шудаанд. Дар ин хусус раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ маълумот дод.

Ӯ иброз дошт, ки мақомот барои пешгирии коронавирус чораҳои дахлдор андешидааст ва ягон нафари гирифтори ин беморӣ дар вилояти Суғд ба қайд гирифта нашудааст.

“Ҳоло дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ ва дар Суғд ситоди вилоятӣ ташкил гардидааст. Ду рӯз пеш бо мақомоти қудратӣ ва раёсати тандурустӣ ҷаласаи васеъ гузаронидем. Имрӯз дар ҳудуди вилоят чунин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ тамоми таҷҳизоти лозима аз тарафи Ҳукумати ҶТ ва вазорати тандурустӣ таъмин шудааст. Донишҷӯёни аз Чин ба вилоят воридшуда 14 рӯз дар беморхонаҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Исфара ташкил кардаем, зери назорати духтурон мемонанд. Дар он ҷо тамоми шароит муҳайё шудааст ва 3 маротиба бо хӯроки ройгон таъмин ҳастанд. Онҳо баъд аз ду ҳафта ҷавоб дода мешаванд. Ҳозир шумори шаҳрвандоне, ки аз Чин ба вилояти Суғд ворид шудаанд, 157 нафар мебошад. Онҳоро дар беморхона ҷойгир кардем ва ҳолати ҳамаашон хуб аст”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Вай афзуд, ки барои таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал захираҳои кофӣ мавҷуд аст ва набояд сокинон аз ворид нашудани молу маҳсулот аз Чин изҳори нигаронӣ кунанд.

“Равған, биринҷ, гӯшт дорем ва саршумори моли калони шохдори ширдеҳ низ имсол ҳам дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳам дар ихтиёри аҳолӣ беш аз 18 ҳазору 560 адад шудааст. Истеҳсоли картошка ҳам афзудааст. Мо захира дорем. Орду гандум, меваю сабзавот ҳам дорем. Он потенсиале, ки дар вилояти Суғд ҳаст, барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот кофӣ мебошад. Агар лозим шавад, мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ин масъалаҳо иқтидори калон дорад, шаҳрвандонамонро таъмин карда метавонем”, – изҳор дошт раиси вилоят.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.