Аз фаъолият бозмондани 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, 45 корхонаи дигар муфлис шуданд ва дар марҳиkаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки боз 29 корхонаи саноатӣ бинобар сабаби рақобатнопазирӣ ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсолот кор накардаанд.

“Ғайр аз ин, 23 корхона ба иллати фарсудашавии таҷҳизот ва 9 корхона бо сабаби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок амал накарданд”, – гуфт ӯ.

Файзуллозода афзуд, ки 43 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ, қарзҳо аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет фаъолият карда натавонистанд.

Вазир иброз дошт, ки баъзе корхонаҳои қарздор аз пардохти андоз ба иҷора дода шуда, бо номи дигар корашонро идома медиҳанд.

Зикр шуд, ки соли 2019 дар Тоҷикистон ба сурати умум 2184 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда вуҷуд доштанд.

Вазир илова кард, ки соли гузашта 219 корхона ва коргоҳи саноатии нав ба кор даромаданд, аз ҷумла, дар бахши мошинсозӣ 38-то, саноати сабук – 53, истеҳсоли масолеҳи сохтмон – 50, саноати хӯрокворӣ – 62, саноати кӯҳкорӣ – 2 ва саноати истихроҷи ангишт –1 корхона.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...