Ба куҷо метавон занг зад, агар аломатҳои коронавирусро ҳис кардед?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, дар Тоҷикистон тадбирҳои пешгирӣ ва омодакунии муассисаҳои тиббӣ ҷараён доранд.

Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад ба ин ҷойҳо омада, ташхис супорад. Ин ташхисҳо барои ҳама бепуланд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи ин беморӣ посух гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Беморхонаҳои сироятӣ:

Душанбе – 907725432

Мурғоб – 935843770, 937036461

Хоруғ  – 937335745

Исфара – (83462) – 21843

Кӯлоб  –  985656567

Хуҷанд  –  (83422) – 55450, – 43911

Бохтар  –  (83462) – 21843.

Ёдрас мекунем, ки ба сурати умум дар саросари кишвар барои шахсони аз Чин меомада 4 ҳазор минтақаи карантинӣ омода карданиянд. Санҷиши аломатҳои сироят аз вирус дар фурудгоҳ оғоз мешавад, ки дар биноҳои ҷудогонаи он барои анҷоми ин кор таҷҳизоти зарурӣ гузошта шудааст.

“Дар маҷмӯъ барои 4 ҳазор ҷой минтақаҳои карантинӣ тайёр карданием. Дар беморхонаи сироятии пойтахт  беш аз 250 нафар дар карантин қарор доранд, бархе аллакай муддати беш аз 8 рӯз. Бо гузашти 14 рӯз онҳо ҷавоб дода шуда, мутаносибан ҷойҳои онҳо холӣ мешавад”, – шарҳ дода буд қаблан ба “Азия-Плюс” директори МД “Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон”, доктори улуми тиббӣ Самариддин Алиев.

Тибқи маълумоти вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода, бинобар сабаби роҳандозии тадбирҳои пешгирии паҳншавии коронавируси нав, айни замон дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 645 нафар бистариянд.

Аз ин маводи мо дар бораи аломатҳои коронавирус маълумоти муфассалтар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...