Беш аз 1,5 ҳазор кормандони чинии корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро карантин интизор аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳамаи шаҳрвандони Чин, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистону кор мекунанду аз таътили солинавӣ  бармегарданд, як муддати муайян дар карантин қарор хоҳанд дошт.

“Мо аз рӯзҳои аввали хуруҷи коронавирус дар Чин бо Ситоди назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ робитаи зич дорем”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе вазири нақлиёт ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати саноат рӯйхати корхонаҳоеро таҳия кардааст, ки дар низоми саноати кишвар кор мекунанд.

“Ҳамчунин шумори шаҳрвандони Чинро, ки дар ин корхонаҳо машғули коранд, муайян кардем”, – иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, дар корхонаҳои саноатии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон 2176 нафар шаҳрвандони Чин ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин шумор 617 нафар дар Тоҷикистон монда, боқимонда ба таътили солинавӣ ба Чин рафтанд. Қисме аз онҳо аллакай баргашта, дар карантин қарор доранд. Инчунин шахсоне, ки оянда низ бармегарданд, аз карантин мегузаранд”, – таъкид дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки айни замон дар соҳаи саноати кишвар наздики 50 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки чунин корхонаҳо асосан дар саноати кӯҳкорӣ амал мекунанд: “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Душанбе Саноати кӯҳӣ”, “Талко голд” ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...