МТС: Туркманистон манъи транзити борҳои Тоҷикистонро ба амният марбут медонад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон барои манъи транзити бору маҳсулот тариқи қаламрави Туркманистон ҳеҷ сабаберо намебинад.

“Ин мушкилро Тоҷикистон рӯйи кор наовардааст, ки мо онро омӯхта, сабабашро маълум кунем. Мушкили транзити бори моро Туркманистон ба вуҷуд овард ва онҳо инро ба масъалаҳои амният рабт медиҳанд. Ба фикри ман, пас аз гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ин масъала ҳал хоҳад шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори МТС Тоҷикистон Зиёи Хуршед.

Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки мушкилоти мазкур ҳалношуда боқӣ монда, сабабаш номаълум аст.

“Сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи Тоҷикистон, ин мушкилот то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад. Вақте бо ҳамтоёни туркмани худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, онҳо мегӯянд, ки сабабашро намедонанд”, – гуфта буд ӯ.

Вазир қайд кард, ки роҳҳои Туркманистон натанҳо барои мошинҳои боркаши тоҷик, балки ба нақлиёти кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон бору маҳсулот меоранд, низ баста боқӣ мемонанд.

“Барои баромадан ба Ховари Миёна бидуни убури қаламрави Туркманистон мо роҳҳои алтернативӣ пайдо кардем: тариқи Ӯзбекистон, Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва минбаъд то Эрону Туркия. Дар муқоиса бо хатсайр тариқи Туркманистон ин хатсайр то Эрон 1 ҳазор километр дарозтар ва то Туркия баръакс, 434 километр камтар аст”, – гуфт вазир.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли гузашта Туркманистон равуои нақлиётро бо бору маҳсулоти Тоҷикистон тариқи қаламраваш манъ кард. То ин дам ҳукумати Туркманистон транзити бору маҳсулоти Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2018 манъ карда буд, лекин он вақт ин мушкил дар муддати як моҳ ҳал шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.