Сафарбарии омӯзгорон ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

Барои баргузории интихоботи парлумонии 1-уми март дар Тоҷикистон дар саросари кишвар 3 ҳазору 371 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст. Барои тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар дар қаламрави намояндагиҳои дипломатӣ 39 қитъа фаъолият хоҳад кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, теъдоди умумии қитъаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ 3 ҳазору 410 […]

Барои баргузории интихоботи парлумонии 1-уми март дар Тоҷикистон дар саросари кишвар 3 ҳазору 371 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст. Барои тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар дар қаламрави намояндагиҳои дипломатӣ 39 қитъа фаъолият хоҳад кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, теъдоди умумии қитъаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ 3 ҳазору 410 ададро ташкил медиҳад.

Акасри қитъаҳои интихоботӣ дар бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакон, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва мактабҳои олии кишвар ҷойгиранд.

Аз ҷумла, бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар 2 ҳазору 424 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо, 29 омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, 20 техникум ва 17 мактаби олии кишвар қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд.

Ҳайати асосии комиссияҳои интихоботии қитъавиро омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи ҳисобу китоби ҳадди ақал, беш аз 15 ҳазор муаллимони Тоҷикистон ба ташкил ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии даъвати оянда сафарбар шудаанд. Ҷалби шаҳрвандон ба омодагӣ ва баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ дониста шуда, бе пардохти маблағ (ҳақмузд) сурат мепазирад.

Аммо дар интихоботи парлумонии охири соли гузашта дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи он ба шаҳрвандоне, ки дар кори ташкил ва гузаронидани маъракаи интихоботӣ иштирок карданд, маблағ пардохт шуд. Барои кори якмоҳа раисони қитъаҳои интихоботӣ ҳар кадоме аз буҷети Ӯзбекистон 500 ҳазор сӯм (тақрибан 500 сомонӣ) ва аъзои қитъаҳои интихоботӣ 250 ҳазор сӯм (250 сомонӣ) ҳақмузд гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.