Пешниҳоди боло бурдани тарифҳои об дар Тоҷикистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки тарифҳои хизматрасонии худро ба таъминот бо об ва берун баровардани партовҳо боло барад.

Ба гуфтаи муовини аввали директори корхона Баҳром Саидзода, ин пешниҳод айни замон мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ қарор дорад.

“Гап сари он аст, ки дар ҳолати 4 сомонӣ нарх доштани арзиши аслии хизматрасонии таъминкунӣ бо об, мо онро ба аҳолӣ ба ҳисоби миёна бо нархи 1 сомониву 9 дирам мефурӯшем, – қайд кард муовини директори корхона Бахтиёр Сафарзода. – Дар ин давра нархи барқ боло рафт, ки дар кори пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад. Ғайр аз ин, мо қарзҳои беруна низ дорем, ки барои пардохти он ба мо маблағ зарур аст. Умедворем, ки ҳукумат пешниҳоди моро дастгирӣ мекунад”.

Дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ доданд, ки имрӯз корхона ба 13%-и аҳолии Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунад. Хадамоти коммуналии шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Файзобод, Норак, Кӯлоб, Ёвон, Ваҳдат, Варзоб, Шаҳринав ва Турсунзода ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ мебошанд.

Айни замон тарифҳои хизматрасонии таъминот бо об барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 1,09 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ, муассисаҳои буҷетӣ – 2,02, корхонаҳои тиҷоратӣ – 3,48 сомониро ташкил медиҳанд. Тарифҳо барои хизматрасонии обу корез барои аҳолӣ ба 0,55 сомонӣ, муассисаҳои буҷетӣ – 1,09 ва корхонаҳо тиҷоратӣ мутаносибан ба 1,82 сомонӣ баробар аст.

“Қобили зикр аст, ки тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру ноҳияҳо фарқ мекунанд, – шарҳ дод Сафарзода. – Масалан, тарифҳои аз ҳама пасттарин барои аҳолӣ дар Ёвону Шоҳин ва чанде аз ноҳияҳои дигар 1,02 сомонӣ ва дар Бохтару Данғара ва як қатор минтақаҳо 1,16 сомониро ташкил медиҳанд”.

Ба суол дар бораи ба норозигии аҳолӣ оварда расонидани болоравии тарифҳо, муовини директори корхона посух дод, ки “шишаи яклитраи об дар мағозаҳо беш аз 2 сомонӣ нарх дорад ва одамон онро мехаранд, ин ҷо як тонна об 1 сомонӣ нарх дорад”.

“Мутаассифона, бо вуҷуди ин, бисёре аз одамон маблағи хизматрасониҳои таъминоти обро саривақт пардохт намекунанд”, – иброз дошт Сафарзода.

Дар корхона инчунин зикр карданд, ки имрӯз 58%-и аҳолии деҳоти кишвар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надошта, дар шаҳру маркази ноҳияҳо ин нишондиҳанда тақрибан ба 86% баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...