Ҳукумати Ҷопон ба Маркази тиббии Душанбе таҷҳизоти муосир тақдим кард

Date:

Маросими анҷоми лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизот барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Аҳмадов 10-уми феврал баргузор шуд. Дар он сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита суханронӣ карда, иттилоъ дод, ки аз тарафи ҳукумати Ҷопон барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 89 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, беморхонаи мазкур ва шуъбаи акушерӣ барои нигоҳубини кӯдакони навзод ба таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ниёз дошт. Пас аз анҷом ёфтани лоиҳа, акнун дар шуъба таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳои тиббӣ, инкубатор, лампаи фототерапевтӣ, катҳои кӯдакона ва ғайра насб карда шуданд.

Такаюки Мияшита изҳор дошт, ки лоиҳаҳои ҳукумати Ҷопон дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иншооти инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат карда, барои тақвияти ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...