Даромади Тоҷикистон аз содироти алюминий ва пахта кам мешавад

Cайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, соли 2019 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,4 млрд долларро ташкил додааст, ки 5,3% зиёдтар нисбат ба соли 2018 мебошад. Аз ин 3,3 млрд доллар (74,9%) ба воридот ва 2,1 млрд доллар (25,1%) ба содирот рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ нишондиҳандаи афзоиши содиротро 4% номбар кард.

Ӯ аз фарқи байни воридоту содирот дар сохтори муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, вазъро “вазнин” арзёбӣ намуд.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта Тоҷикистон бо 116 кишвари саросари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом дод. Дар ин давра Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 81 номгӯйи молу маҳсулот содирот кардааст.

Дар сохтори содирот маъданҳои минералӣ ва консентратҳо (26,6%), алюминий (15,5%), пахта (12,5%), семент (6,1%), нахи пахта (3,6%), сабзавоту мева (1,6%) ва ғайра мавқеи намоёнро ишғол мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар муқоиса бо соли 2018 ба маблағи 103,2 млн доллар 31,2 ҳазор тонна ҳаҷми содироти маъдану консентратҳо кам шудааст.

Сафри назар аз афзоиши ҳаҷм, аз содироти алюминий ва пахта Тоҷикистон беш аз 51 млн. долларро аз даст дод.

Соли 2019 ҳаҷми содироти алюминий 1 ҳазору 976 тонна афзуда, лекин дар ифодаи пулӣ 26,1 млн. доллар кам шуд. Ҳаҷми содироти пахта низ 1 ҳазору 903 тонна зиёд шуда, лекин дар ифодаи пулӣ 25,7 млн доллар кам шуд.

“Камшавии даромадҳо аз фурӯши алюминий ва пахта ба поинравии босуръати нархҳо дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут аст”, – зикр кард Турсунзода.

Харидорони асосии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар соли 2019 ин кишварҳо мебошанд: Туркия (21% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (20,2%), Қазоқистон (19,6%) ва Ӯзбекистон (15,4%). Кишварҳои асосии воридкунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра Русия (30,3% аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон (22,2%) ва Чин (18,2%) мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...