Вазорати молия ба грантҳо афзалият дода, аз қарз ҳам даст намекашад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки ба аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Дар робита ба сатҳи қарзи беруна ӯ қайд кард, ки дар ин самт вазорат “бо риояи ҳамаи тавсияҳои Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) кор мекунад”.

“Ҳамаи кори мо оид ба ҷалби қарзи хориҷӣ ба стратегияи идоракунии қарзи хориҷӣ асос меёбад”, – гуфт ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, ки барои баргардонидани қарзҳо дар соли равон 220 млн доллар маблағ равона мешавад.

Ба қавли ӯ, тақрибан дар чунин ҳаҷм дар доираи ҳамон меъёр, ки ХБА муайян кардааст, ҷалби қарзи хориҷӣ дар соли равон пешбинӣ шудааст.

“Кӯшиш мекунем, ки аз доираи тавсияҳои ХБА берун наравем, зеро бо ин Хазина ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дошта, манфиатдорем, ки минбаъд ба ҳамкории мо ягон монеа эҷод нашавад”, – иброз дошт Қаҳҳорзода.

Таъкид шуд, ки дар ин масъала ба ҷалби маблағҳои беруна бар асоси кумаки бебозгашт афзалият дода мешавад.

Аммо, қайд кард вазир, ҳалли бисёр масъалаҳо бе қарзгирӣ ғайриимкон аст ва илова намуд, ки “тамоми ҷаҳон қарз мегирад”.

Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк) мебошад, ки ба санаи 1 январи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ аз он 1 млрд 163 млн доллар қарздор аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($325 млн), Бонки осиёии рушд ($259 млн) ва  Бонки исломии рушд ($135 млн) қарздор мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.