Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони Чинро аз сабаби коронавирус манъ карданӣ нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз масъалаи манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба Тоҷикистон баррасӣ намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ситоди муқовимат бо паҳншавии коронавирус хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи коронавирус ҳанӯз аз аввали сол барои вуруди шаҳрвандони Чин ба қаламраваш маҳдудиятҳо ҷорӣ карда буд.

“Маҳдудиятҳо натанҳо ба шаҳрвандони қатории Чин, балки ба мутахассисони барои Тоҷикистон зарур аз ин кишвар, ҳатто дипломатҳо, ки барои кор дар Тоҷикистон таъин шуда буданд, дахл дошт”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Чин даҳҳо лоиҳа дар соҳаҳои саноат, роҳсозӣ, бахши кишоварзӣ ва энергетика амалӣ мешаванд. Ҷараёни татбиқи онҳо бо сабаби ҳузур надоштани мутахассисон аз Чин аз нақшаи пешбинишуда хеле қафо мондааст.

“Ширкатҳои Тоҷикистон, ки бо мутахассисони Чин дар бораи бунёди иншооти саноатӣ қарордод бастаанд, зарар мебинанд”, – таъкид дошт манбаъ.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода низ ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони Чинро ба кишвар алҳол манъ карданӣ нест.

“Айни замон чунин тасмим надорем, зеро мо бо соҳибкорон ва намояндагони корхонаву ташкилотҳои Чин, ки мутахассисони онҳо дар Тоҷикистон кор мекунанд, суҳбат карда, аз онҳо дархост намудем, аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Ҳамчунин мо бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ дорем ва ин созмон дар хусуси вуруди шаҳрвандони Чин ба ҷумҳурӣ то ҳол тавсия надодааст”, – афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тавре РИА Новости хабар медиҳад, Русия аз соати 00.00 рӯзи панҷшанбе, 20-уми феврал вуруди шаҳрвандони Чинро, ки барои кору таҳсил, сайру саёҳат ва корҳои шахсӣ ба ин кишвар омаданӣ буданд, манъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...