АНОНС
– Дар Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин идома дорад. Ҳайати Тоҷикистон аз 11 нафар варзишгарон иборат аст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6932 сомонӣ;
1 евро – 10.4667 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Ҳаёт ва адабиёт» маърӯза кард.
2002 – Дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба барномаи НАТО «Шарикӣ ба хотири сулҳ» имзо шуд.
2006 – Оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2».
1926 – Зодрӯзи коргардони кино Муқаддас Маҳмудов.
1929 – Мавлуди шоир Абдуҷалил Воситзода.
1929 – Зодрӯзи оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.
1936 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Мухтор Муродов.
1936 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.
1940 – Мавлуди шоир Ғоиб Сафарзода.
1943 – Зодрӯзи олим Миродасен Худоиев.
1948 – Мавлуди доктори улуми филология Мирзо Муллоаҳмадов.
1950 – Зодрӯзи Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.
1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, собиқ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ.
1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.
1966 – Мавлуди Ниёзмуродов Саидмурод, собиқ раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк».
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ. Дар вохӯрии сатҳи олӣ дар Копенгаген моҳи марти соли 1995 эълон шуд, ки дар он вазифаҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи муосир муайян карда шуданд.
148 сол пеш дар ин рӯз дар Ню-Йорк Метрополитен-осорхона боз шуд. Имрӯз ин осорхона яке аз бузургтаринҳо буда, аз лиҳози шумори тамошобинонаш зинаи чорумро дар ҷаҳон ишғол мекунад.
20 февраля 1986 истгоҳи илмии “Мир” ба фазои кайҳонӣ бароварда шуд.
Дар ин рӯз 80 сол пеш бори нахуст қаҳрамонони машҳури филмҳои тасвирӣ – Том ва Ҷерри дар экранҳо пайдо шуданд.
ОБУҲАВО
Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳҳои нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабри бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 7-12 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабри бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1° , рӯзона 12-17° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 20-25° хунук, рӯзона 4-9° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои камабри бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 6-11° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои камабри бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 9-11° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


