Даргузашти собиқ аксбардор ва рӯзноманигори ТоҷикТА Зиннат Азизов дар Тотористон

tojiki

Рӯзи 20-уми феврал дар Қазон (Тотористон) аксбардор ва рӯзноманигори маъруф, Корманди шоистаи Тоҷикистон Зиннат Азизов дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” хешовандони ӯ хабар доданд.

Наздики 50 сол ӯ дар васоити ахбори умум фаъолият дошт: аксбардори маҷаллаҳои “Таджикистан” ва “Занони Тоҷикистон”, хабарнигори ТоҷикТА дар водии Вахш, сардабири бойгонии аксҳои ТоҷикТА буд.

Собиқаи кории ӯ қариб 60 солро ташкил медиҳад, зеро овони наврасӣ соли 1943 падараш ба фронт даъват шуда,  ӯ ба кор оғоз кард.

Соли 1962 бо қарори ҳакамони Намоишогоҳи умумииттифоқии ҳунари аксбардорӣ дар Маскав барои сурати “Первый день жизни” (Рӯзи аввали ҳаёт) ба диплом бо имзои вазири фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ Екатерина Фуртсева сарфароз гардонида шуд.

Давоми ним асри фаъолияти эҷодӣ Зиннат Азизов шояд миллионҳо маротиба тугмаи дастгоҳи аксбардорро пахш карда, рӯйдоду лаҳзаҳои таърихиро дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ сабт кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...