Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав рафт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Маскав рафт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҷумҳурӣ хабар доданд, аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон барои соли 2020 имзо мешавад.

Дар иттилои нашршудаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин робита таъкид мешавад, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот ба масоили пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии онҳо дар ҷаҳорчӯби ИДМ, СААД ва СҲШ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

“Ҳиссаи кишвари мо дар муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бузургтарин (беш аз 1 млрд доллар – ҳудуди 25%) аст. Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 млрд доллар – 17,2% аз тамоми маблағҳои сармоягузории хориҷиро ташкил медиҳад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар маълумоти ВКХ бобати манфиатдор будани Русия ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Тоҷикистон, бахусус, сабзавоту меваи тару тоза ва такмили зерсохтору мутобиқати қонунгузорӣ дар ин самт, рушди равобити иқтисодӣ байни минтақаҳои ду кишвар, густариши ҳамкориҳои низомӣ, тадбирҳо оид ба беҳбуди шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави ин кишвар сухан меравад.

“Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба сифати “садди” боэътимод дар роҳи пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар хизмат карда, омили муҳими таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад, ки ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои иттифоқчии узви СААД ҷавобгӯ мебошад”, – қайд шудааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки айни замон дар Русия зиёда аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ғайр аз ин, беш аз 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар филиалҳои макотиби олии Русия таълим мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...