Дастгирии Ҷопон аз 5 лоиҳаи нав дар Тоҷикистон дар доираи GGP

Date:

25-уми феврали соли равон дар Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими ба имзо расидани созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав баргузор шуд.

Созишномаҳои мазкур аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомотҳои пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 303 ҳазору 590 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳае, ки баҳри рушди соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ равона шуданд, бо Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва ташкилоти Оксфам ба тасвиб расиданд. Дар маросими ба имзо расидани созишномаҳо лоиҳаҳои зерин қабул карда шуданд;

– Лоиҳа оид ба барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва инчунин се лоиҳа барои сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рушон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Кишвар Абдулалишоев, роҳбари Фонди Оғохон дар Тоҷикистон бо маблағи 217 ҳазору 490 доллари ИМА тасвиб гардид;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Лоиҳаи беҳтар кардани системаи хати оби нӯшокӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ бо хонум Шовкет Ализаде, роҳбари ташкилоти “Oxfam GB” дар Тоҷикистон бо маблағи 86 ҳазору,100 доллари ИМА тасвиб гардид;

Зимни суханронӣ дар маросими фавқуззикр, Мияшита қайд намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи ҳукумати Ҷопон дар самтҳои мухталиф дар саросари кишвар амалӣ гашта, барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд ва инчунин тавонистанд дар рушди устувори Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд.

Мақомотҳои пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон изҳори сипос карданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирии соҳаҳои мухталиф дар саросари Тоҷикистон равона шудаанд.

Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 416 лоиҳаро ба маблағи умумии $33,.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...