Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд”) ва “Нефтчӣ” (Қирғизистон) бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми футболи КФО-2020 барои дарёфти роҳхат ба даври гурӯҳӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 16:00.

– Дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» намоишгоҳи суратгариву наққошии рассом Эркин Суюнов идома дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6968 сомонӣ;

1 евро – 10.5094 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1480 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1995 – Нахустин маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистони соҳибистиқлол.

1999 – Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ (баъдтар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ЕвраАзЭС табдил шуд) ҳамроҳ гардид.

2013 – Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи гаравхона (ломбард)» қабул шуд.

1931 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Меҳрӣ Абдуллоева.

1939 – Мавлуди олим ва нависанда, доктори улуми таърих, профессор Карим Абдулов.

1946 – Зодрӯзи футболбоз, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров.

1964 – Мавлуди иқтисодчӣ Хуршед Ятимов.

1969 – Зодрӯзи рассом Зебо Давлатшоева.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Президенти Туркия (аз соли 2014) Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз зодрӯзашро ҷашн мегирад.

308 сол пеш бо амри Пётри I корхонаи истеҳсоли аслиҳаи Тула таъсис дода шуд, ки аввалин корхонаи давлатти истеҳсоли силоҳ дар Русия буда, шаҳри Тула ба пойтахти силоҳи кишвар табдил ёфт.

142 сол пеш бо ибтикори филологи фаронсавӣ Литтре истилоҳи “микроб” дар забон пайдо шуд. Худи микроорганизмҳо беш аз 250 сол пеш кашф шуда буданд.

Дар ин рӯзи соли 1935 ихтироъкор Роберт Уотсон-Уотт нахустин озмоиши радарро анҷом дод.

19 сол пеш дар Афғонистон ду ҳайкали бузурги сангии Буддо тарконида шуда, ба тӯдаи сангпораҳо табдил ёфтанд.

26 феврали соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили “мардумӣ”-и “Фолксваген” исеҳсол шуд.  

ОБУҲАВО

Рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боришот (борон барф) рӯзи 27 феврал дар баъзе ноҳияҳо бошиддат, дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ пуршиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водиҳо қарордошта то 8-100 паст мешавад. Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд вазиши шамол бо шиддатнокии то 13-18м/с дар назар аст.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар нимаи дуюми рӯз боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 13-18 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 9+14° гарм, рӯзона 18-23° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 17-22° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар нимаи дуюми рӯз боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо дар нимаи дуюми рӯз борони суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10+12° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...