Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Соати 16:00 дар маркази захиравии “Имконоти баробар” дар Душанбе намоиши филми Юрий Дуд: «ВИЧ в России – эпидемия, про которую не говорят» (ВНМО дар Русия – эпидемияе, ки дар борааш намегӯянд) баргузор мешавад. Даромадан бепул аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.5280 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1470 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалӣ алайҳи нашъамандӣ

2008 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»-ро қабул кард.

2017 – Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Русия 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1933 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.

1941 – Мавлуди доктори улуми филология, профессор, арбоби давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.

1963 – Зодрӯзи рӯзноманигор, нависанда Гули Зард.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ғайриҳукуматӣ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи байнулмилалии хирси қутбӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

120 лет пеш дастаи футболи “Бавария” (олмонӣ – FC Bayern München) таъсис ёфт. Имрӯз “Бавария” яке аз тимҳои пурқуваттарини Олмон ба шумор рафта, 29 маротиба ба дарёфти унвони қаҳрамони футболи Олмон, 19 маротиба – Ҷоми Олмон ва 5 маротиба – Лигаи чемпионҳои Аврупо ноил шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОБУҲАВО

Рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боришот (борону барф), рӯзи 27 феврал дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд вазиши шамол бо шиддатнокии то 18-23м/с дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимоли фаромадани сел пешгўӣ мешавад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд) ва ноҳияҳои кӯҳии НТМ (шоҳроҳи Нуробод – Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ағбаҳо пайдоши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо дар назар аст.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 1+6 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 18-23м/с вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 4-9° гарм, дар нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 13-18° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -3+2°, рӯзона 0+5 гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барфи тар), дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 7+9° гарм, дар нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 17-22м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 1+3° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барфи тар) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 6+8° гарм, дар нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 2+4° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...