Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маркази тиҷоратии "Созидание" (толори конфронс, ошёнаи 2-юм) дар мавзӯи “Таҳияи стратегияи ширкат” тренинги серӯза баргузор мешавад. Оғози тренинг аз соати 09:00. Бо телефонҳои +992 927179166 ё +992 926460808 метавон худро ба қайд гузошт. Тренингҳоро коршиноси варзида оид ба тарҳрезии стратегӣ Мирзоиброҳим Иброҳимов мегузаронад. 

– Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиҳои нимфиналии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо мешаванд: “Равшан” – “Душанбе-83” (оғози бозӣ соати 11:00) ва “Кӯктош” – КМВА (ССКА, соати 15:00).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.6170 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1470 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1992 – Таъсиси газетаи «Нидои ранҷбар», нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

2013 – Палатаи болоии парлумон қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро тасдиқ кард.

2017 – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод кард.

1927 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Юсуфшо Яъқубов.

1936 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Акбар Ҷӯраев.

1939 – Зодрӯзи шарқшинос Матин Ҳусейнзода.

1948 – Мавлуди актриса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Эркаева.

1951 – Зодрӯзи сарояндаи эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев.

1954 – Мавлуди собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.

1962 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов.

1965 – Мавлуди олим Маҳмад Шодиев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз яке аз идҳои дӯстдоштаи финҳо – Рӯзи ҳамоса (эпос)-и халқии “Калевали” – ҷашни ҳамосаи фарҳанги карелӣ-финӣ ва фарҳанги финӣ мебошад. Ин рӯзи расмии барафрохтани парчами Финландия аст.

85 сол қабл кимиёшиноси амрикоӣ Уоллес Каротерс нахи синтетикии нейлонро ихтироъ кард. Соли 2019 аввалин маҳсулот аз он дар универмаги Вилмингтон дар ИМА ба фурӯш бароварда шуд.

ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимолияти фаромадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд) ва ноҳияҳои кӯҳии НТМ (шоҳроҳи Нуробод  Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ағбаҳо пайдоиши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо дар назар аст.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 4+9 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 4-9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 12-17° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф), ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5° хунук, рӯзона 1-6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 1-6м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...