КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.

Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати иштироки беш аз 50%-и раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешаванд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи душанбе, 2-юми март маълум хоҳанд шуд. 

Имрӯз овоздиҳӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то соати 20:00 давом меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳудуди 4 миллиону 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи раъйдиҳӣ доранд.

То соати 8-и шом ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 412 адад ва ҳамчунин берун аз Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.

Ба палатаи поёнии парлумон аз 241 номзад 63 вакил интихоб мешаванд. Айни замон 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ ва 65 номзад аз рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 курсии вакилӣ рақобат доранд. Дар байни номзадҳои расман сабтиномшуда 48 нафарашон занон мебошанд.

Ҷараёни интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байнулмилалӣ назорат доранд. Ҳамзамон зиёда аз 250 хабарнигори ВАО-и дохилию хориҷӣ ҷараён ва натоиҷи онро инъикос мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.