Раҳматилло Зойиров: Натиҷаҳои расмии интихобот қарори сиёсӣ ва тақаллубӣ мебошад

Asia-Plus

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шоми имрӯз бо нашри як баёния дар саҳифаи фейсбукии худ натиҷаҳои расмии интихоботи парлумониро “қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ” номида, изҳор дошт, ки ҲСДТ онро эътироф намекунад.

“Имрӯз, 2-юми марти соли 2020, соати 15.00, баъд аз машваратҳои бисёрсоата ва барои амалисозии қарори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КМИР ҶТ Б. Худоёрзода натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ тантанавӣ эълон накарда, балки қироат кард”, – омадааст дар баёнияи раиси ҲСДТ.

“Натиҷаҳои пешакии расмии интихоботи мазкур аз соати 2.30-и шаб то 6.00-и субҳи 2-юми марти соли 2020 дигар буданд, аз соати 6.30-и субҳ то 11.00-и ҳамин рӯз дигар шуданд ва ниҳоят, то соати 15.00-и ҳамин рӯз, яъне бевосита пеш аз қироати тантанавӣ, дигар шуданд. Ба ин тариқ, натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар давоми 12 соат се бор тағйир ёфтанд”, – навиштааст Раҳматилло Зойиров.

“Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор медорад, ки расман натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ эътироф намекунад”, – таъкид шудааст дар баёния.

“Натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, ки Б. Худоёрзода қироат кард, қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ мебошад”, – изҳор доштааст раиси ҲСДТ.

Раҳматилло Зойиров дар шарҳи зери баёния навиштааст: “ҲСДТ то соати 6-и субҳ – 29.5%, то 11.00-и рӯз – 7.4%, то 15.00 – 0.32%. Оё ҳамин интихоботи озод ва демократист?”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.